КАФЕДРАИ ФИЗИКА
Кафедраи физика дорои анъанаҳои куҳани илмӣ ва педагогӣ буда, яке аз аввалин кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (институти Политехникӣ) ба ҳисоб меравад ва фаъолияти кафедра аз соли 1956 oғoз гардидааст.
Ташкилкунанда ва нахустин мудири кафедра М.С. Осимӣ буданд. Баъдан сарварии кафедраро дар солҳои гуногун устодон - Форостян Д.Г., Бобоев Т.Б., Файзиев И.Ф., Двояшкин Н.К., Маруфӣ В.К., Саъдуллоев Ҳ.С., Икрамов М., Асроров А.А., Боймуродов Э.Б., Раҳматов А.Ш., Абдурасулов А.А. ва Хоҷахонов И.Т. ба зимма доштанд.
Аз январи соли 2021 инҷониб вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи дотсент Насриддинов А.С. вогузор карда шудааст.
Кафедраи физика фаъолияти худро дар тобеият ба факултети энергетикӣ барои амалӣ намудани раванди таълим дар курсҳои 1 ва 2 ба роҳ мондааст. Омӯзгорони кафедра таълими фанни физикаро дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ амалӣ менамоянд. Базаи моддӣ-техникии кафедра аз 4 озмоишгоҳ иборат буда, бо асбобҳои озмоишӣ муҷаҳҳазанд, ки дар онҳо дарсҳои озмоишӣ аз қисмҳои механика, физикаи молекулавӣ, электродинамика, магнетизм, оптикаи геометрӣ ва оптикаи мавҷӣ дарсҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд. Синфхонаҳои лексионӣ, лексионӣ - намоишдиҳӣ дар факултетҳо низ бо видео-проекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.
Ҳоло дар кафедра 13-нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 8 нафарашон номзади илм буда, аз номзадони илм 5 нафарашон дорои унвони дотсент мебошанд, 2 нафарашон муаллими калон ва 3-нафари дигарашон ассистентон мебошанд.
Дар кафедра иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотиву методӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои охир аз тарафи устодони кафедра корҳои методӣ, васоити таълимӣ, ки ҳамаи қисмҳои физикаро дар бар мегиранд, омода ва нашр шудаистодаанд.
Собиқ дотсенти кафедра Сайдуллоева М. - китоби дарсӣ аз фанни физика - “Курси физикаи умумӣ” ҷилди 1, 2 ва 3-ро бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ ба нашр расонид, ки ин китоб барои ҳамаи мактабҳои олии техникӣ тавсия шудааст ва дар таърихи китобнависони соҳаи физикаи ватанӣ беназир мебошад.
Дар қатори корҳои таълимӣ - методӣ ба таври доимӣ иҷро намудани корҳои илми-таҳқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра аз рӯи равияҳои зерин бароҳ монда шудааст:
Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодони кафедра дар маҷаллаҳои бонуфузи дорои импакт факторҳои баланд будаи сатҳи ҷаҳонӣ нашр гардидаву нашр гардида истодаанд. Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ устодон дар конфронсҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, Ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ фаъолона иштирок ва баромадҳо менамоянд.
Аз тарафи устодони кафедра 3 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст. Иқтидори илмии кафедра сол аз сол меафзояд.
Ҳоло устодони кафедра - Девонақулов Ш.А., Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Раҳмонов Б.Ш. ва Юлдашева Д.А. корҳои илмии худро ба итмом расонида, дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ қарор доранд.
Аз соли 2010 то ин ҷониб 12-нафар устодони кафедра рисолаи номзадии хешро дифоъ намуданд, ки ҳоло баъзеи онҳо дар истеҳсолот ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда истодаанд.
Устодони кафедра бо меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва дастовардҳои хеш бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тољикистон”, ҷоиза ва мукофотҳои гуногуни давлатӣ ва байналхалқӣ мушараф гардидаанд.
Аз ҷумла, “Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон”, Академики Академияи муҳандисии ҶТ, узви вобастаи бахши Тоҷикистонии Академияи Байналмилалии илмҳои таҳсилоти олӣ, профессори кафедра - Абдурасулов А.А. соли 2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи 2 ва соли 2021 бо унвони фахрии “Корманди Шоистаи Тоҷикистон” қадрдони карда шудаанд; дотсент, “Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон”- Икромов М. соли 2013 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст; дотсентон - Хоҷахонов И.Т. ва Аминов Ш.А. соли 2016 аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тољикистон” сарфароз гардидаанд.
Насриддинов А.С. – дотсент, мудири кунунии кафедраи физика (2025), соли 2013 барандаи Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илм ва техника дар соли 2013 ҳисобида шуда, соли 2016 аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тољикистон”, соли 2020 аз тарафи ШСХК “Барќи Тољик” бо нишони фахрии “Аълочии Барќи Тољик ” сарфароз гардидааст.
Соли 2020 бошад устодони ҷавони кафедра Исмоилов И.Б. ва Девонақулов Ш.А. дар ҳалқаи беҳтарин олимони ҷавони ИДМ шинохта шуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва медали “Беҳтарин олими ҷавон - 2020” аз ҷониби давлати Қазоқистон сарфароз гардонида шуданд.
Омӯзгори ҷавони кафедра н.и.физ.-мат., и.в. дотсент - Исмоилов И.Б. барандаи “Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ” барои соли 2023 (Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12.04.2023, №187), дар самти “Илмҳои дақиқ” ва инчунин барандаи Ҷоиза ва Дипломи АМИТ барои муҳаққиқони ҷавон дар соли 2023 (Қарори раёсати АМИТ №156 аз 18.12.2023), дар самти илмҳои физика, математика ва химия мебошад.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки устодони кафедра - ба монанди Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Асосгузор, раиси анҷумани тоҷикон ва форсигуёни ҷаҳон - “Пайванд” (1990-1996), Барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, д.и.физ.-мат. профессор, академики АФ РСС Тоҷикистон. (АИҶТ-АМИТ) - Осимӣ Муҳаммад Сайфиддин; Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, дорандаи ордени “Шараф дараҷаи II”, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Аъзои ҳақиқии Шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, Академики фахрии ДДМ ба номи М.В. Ламоносов, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, д.и.ф. ва м., профессор, академики АМИТ (АИ ҶТ) -Одинаев Саидмуҳаммад Одинаевич ва Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон дорандаи ордени “Шараф дараҷаи II”, Академики Академияи муҳандисии ҶТ, Аъзои ҳақиқии Шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, н.и.физ.-мат., профессор - Абдурасулов Анвар Абдурасулович дар вазифаи пурмасъул, яъне дар вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми М.С. Осимӣ фаъолият намудаанд.
Солҳои тулонӣ дар кафедра дотсентон Аббосов О., Қосимова М.Қ., Мавлонова С., Мирзоаминов Х.М., Муҳаммадқулов М., Низомов З., Норов Ҳ.С., Раҳим А., Раҳмонов Р.Қ., Раҷабов П., Сайдуллоева М., Саъдуллозода Ҳ.С., Холмуродов Х.Т., Ҷанобилов Х.Қ., Шамсиддинов О.А., муаллимони калон Баймухаммедов Р. Д., Бобошеров Д.Э., Болдина Л.И., Дуронов О., Еленгеев А., Зоирова Л. Н., Зоҳидов С., Иброҳимов А. Қ., Иванова Р. С., Лукашоф А.В., Солиев А. С., Табаров Ч., Файзиев Б.М., Ҳомидов М., Черная Т.А., Шариф И., Шоайдаров Н.Б., Юнусов Ю.Ю., ассистентон - Абдуламонов Ҳ.А., Зоҳидов С., Зубайдуллоева Б., Пирова Х.С., Табаров Ч.С., Шариф И. муваффақона фаъолият намуда, саҳми худро барои омода намудани кадрҳои муҳандисӣ гузоштаанд.
Аъзоёни кафедра дар корҳои ҷамъиятие, ки дар сатҳи донишгоҳу Ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.
Устодони кафедра - Ёдалиева З.Н, Насриддинов А.С. аъзои Шӯрои олимони факултети энергетикӣ мебошанд.
Аминов Ш.А. - дотсенти кафедра аъзои Шурои олимони Донишгоҳ, аъзои Шӯрои методии факултети энергетикӣ ва Раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳ мебошад.
Дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми устодони кафедра назаррас буда, барои омода намудани иштирокчии олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ аз ҳисоби донишҷӯён омӯзгорони кафедра заҳматҳои зиёде мекашанд. Аз ҷумла ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, ки бевосита бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, донишҷӯёни зиёде аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби устодони кафедра омода карда шуда, иштирок менамоянд ва ҷойҳои номоёнро низ ишғол мекунанд.
Солҳои охир устодони ҷавони кафедра бо муҳаққиқони байналмиллалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар самтҳои гуногуни илмӣ дар ҳамкории шарикӣ мақолаҳоро ба нашр мерасонад ва барои гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳои илмӣ ва иштирок дар конфронсияҳову симпозиумҳо ба берун аз кишвар сафарбар карда мешаванд. Аз ҷумла аз соли 2020 ин ҷониб устодони кафедра – Нематов Д.Д., Девонақулов Ш.А, Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Исмоилов И.Б. ва Раҳмонов Б.Ш. бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ ва Институти муштараки тадқиқоти ҳастаӣ дар шаҳри Дубна (вилояти Москва, Федератсияи Россия) барои олимони ҷавони кишварҳои ИДМ барои гузаштан аз таҷрибаомӯзии илмӣ сафарбар карда шуданд.
Аксарияти устодони кафедра аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, аз баромадҳо, китобҳо ва нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, ба таълими насли наврас ва фаъолияти илмӣ машғул ҳастанд.