Факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз ибтидои ташкилёбии он арзи вуҷуд дорад. Тайёр намудани муҳандисон аз соли 1956 оғоз шуда, бо теъдоди 50 нафар донишҷӯён аз рӯйи 2 ихтисос – «Электрикунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо» ва «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» қабул шуда буданд.

Дар таъсисёбии факултет мутахассисон ва хатмкунандагони як қатор мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Донишкадаи политехникии Киев, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи электротехникии Ленинград ва дигарҳо саҳми босазо гузоштаанд.

Дар солҳои гуногун Барышникова Таисия Алексеевна, (соли 1961), Бреев В.Н. (солҳои 1961-1962), Бобоев Тоир Барноевич (солҳои 1962-1965), Томилин С.В. (солҳои 1965-1966), Купаи Ҷавод Гасанович. (солҳои 1966-1969), Икромов Рустам Зиёевич (солҳои 1969-1970), Бобоев Тоҳир Бобоевич (солҳои 1970-1973), Иноятов Мелис Бурҳонович (солҳои 1973-1985, 1990-1995), Содиқов Хисрав Ризоевич (солҳои 1985-1987), Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович (солҳои 1987-1990), Додхудоев Мамадризо Додхудоевич (солҳои 1995-1996, 2010-2011), Улмасов Хуршед Убайдуллоевич (солҳои 1999-2002), Ҷалилов Рустам Абдуҳамидович (солҳои 2002-2006, 2014-2017), Салимов Талбак Орзуевич (солҳои 2006-2010), Икрамов Муҳамадӣ (2011-2013), Сангаков М.Ғ. (2013-2014) ва Қасобов Л.С. (2017-2020) сарварӣ намуда, аз октябри соли 2020 то имрўз роҳбарии факултетро номади илмҳои техникӣ Раҳимзода Ҷ.Б. ба уҳда дорад.

Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт имрӯз дар назди факултет 6 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ – неругоҳҳои электрикӣ, ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ, электротаъминкунӣ, ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои энергетикӣ, асосҳои назариявии радио ва электротехника, техника ва энергетикаи гармо, физика фаъолият менамоянд.

Дар кафедраҳои зикргардида бакалаврҳо ва магистрҳо аз рӯйи ихтисосҳои 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ, 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ, 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо), 1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ, 1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ, 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия, 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ, 1-390101 – Радиотехника, 1-530104-03 – Автоматонӣ ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ, 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва 1-530105-01 – Автоматонии ҳаракатоварандаҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ таҳсил менамоянд.

Ҳамасола ихтисосҳои назди кафедраҳои факултетро зиёда аз 400 нафар донишҷӯён хатм менамоянд. То имрӯз зиёда аз 15000 муҳандиси соҳаи энергетика ихтисосҳои назди кафедраҳои факултети энергетикиро хатм намудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни ҷомеа чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд.

Ҳоло дар факултет раванди таълим аз ҷониби 100 нафар устодони штатӣ ва ҳамкор таъмин карда мешавад, ки ҳиссаи устодони дараҷа ва унвони илмидошта зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад. Ҳамасола кормандони таҷрибаи бойи истеҳсолидошта аз Вазорати энергетика ва захираҳи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Барқи тоҷик», «Маркази барқу гармӣ», «Шабакаҳои барқии марказӣ», «Шабакаҳои барқии ш. Душанбе», Институтҳои лоиҳакашӣ ва дигар идораву муассисаҳо тариқи ҳамкорӣ ба фаъолияти педагогӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Устодон ва кормандони факултет дар конференсия, симпозиум ва семинарҳои илмӣ маърӯза намуда, беш аз 2000 адад мақола, аз ҷумла зиёда аз 1000 адад дар журналҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия эътирофгардида ба чоп расонида, дар мактаби олимони ҷавони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Россия, Чин ва Қазоқистон; конференсияҳои байналмиллалӣ дар Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ҷопон, Лаҳистон, Озарбойҷон, Эрон ва дигар кишварҳо фаъолона иштирок намуда, имрӯз низ дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд.

Устодони факултет мунтазам дар намоишгоҳ ва семинарҳои байналмиллалӣ дар мавзӯъҳои “Паст намудани талафоти энергияи электрикӣ”, “Реҷаи кори системаи энергетикӣ”, “Энергияи сабз” ва “Истифодаи панелҳои офтобӣ ва лампаҳои каммасраф” иштирок намуда, бо равандҳои инноватсионии ин соҳа хубтар шинос мегарданд.

Пешравиҳои илму техника дар натиҷаи заҳмати ҳаррӯзаи кормандони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар якҷоягӣ асоси ҷаҳиши инқилобии техникӣ мешавад, ки нишони он тағйирёбии куллии воситаҳои истеҳсолот ва технология мебошад.

Ёдовар мешавем, ки саҳми устодони факултет дар рушди соҳаи энергетикаи ватанӣ чашмрас буда, барои дастовардҳои соҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор унвону орден, ҷоизаву ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шудаанд. Устодон Содиқов Х.Р., Иноятов М.Б., Аҳророва А.Д. ва Абдурасулов А.А. бо унвони корманди шоистаи Тоҷикистон, Додхудоев М.Д. ва Абдурасулов А.А. бо Ордени Шараф дараҷаи II, Икрамов М.И. бо Ордени Шараф, Сафаров М.М. ва Қасобов Л.С. бо медали Хизмати Шоиста, Ҷалилов Р.А. бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қасобов Л.С., Неъматова Ш., Саъдуллозода Ш.С., Абдуллозода Р.Т., Насриддинов А.С., Патапов В.В., Мирзозода Б.М., Ниёзӣ С.Р., Султонзода Ш.М., Саидзода Х.С., Ҷамолзода Б.С. ва Ҳасанзода Н. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника, Зарифзода М.А. ва Гулмуродзода С.Г. бо Ҷоиза барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва зиёда аз 20 нафар устодони факултет бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 20 нафар устодони факултет бо унвони фахрии Аълочии “Барқи тоҷик” ва як қатор устодони дигар бо диплому раҳматномаҳои макотиби олии Федератсияи Россия ва ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ сарфароз гардидаанд.

Дар баробари ин донишҷӯён бо роҳбарии устодон дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои бадастоварда дар маҳфилу семинарҳои илмӣ, озмунҳои гуногуни эҷодии ҷавонон дар тамоми сатҳҳо фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Имрӯз устодони ҷавони факултет барои таҳсил дар аспирантура ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки тадқиқи корҳои илмии онҳо ба равандҳои инноватсионӣ пайваста мебошанд.

Аз соли 2014 сар карда, дар кафедраҳои тахассусии факултет донишҷӯён дар зинаи магистратура қабул карда мешаванд.

Соли 2015 барномаи таълимии ихтисоси 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ аз рӯйи зинаи магистратура ва соли 2022 барномаи таълимии ихтисоси мазкур аз рӯйи зинаи бакалавриат соҳиби нишони Аккредитатсияи Аврупоии сифати таҳсилоти муҳандисӣ (EUR-ACE®) гардид. Ноил гаштан ба ин нишон нишондиҳандаи дараҷаи баланди омодакунии кардҳо дар кафедра, факултети энергетикӣ ва дар умум дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад, ки ин ба хатмкунандагони ихтисоси номбурда имконияти бо ҷои кор таъмин шудан дар федератсияи Россия ва дигар давлатҳои Аврупоро медиҳад. Нишони электротаа.

Ҳамасола магистрантон ва устодони ҷавони факултет ҷиҳати давом додани таҳсил дар аспирантура ба макотиби олии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Новочеркасск, Челябинск ва Иркутск фиристода мешаванд.

Дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва дастрасии донишҷӯён ба адабиёти техникӣ устодони факултет кӯшиш намудаанд, ки то имрӯз якчанд китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методиро таҳия ва чоп намоянд. Адади китобҳои дарсӣ ва маводи методие, ки аз тарафи омӯзгорони факултет чоп шудаанд, зиёда аз 250 номгӯйро ташкил медиҳад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо як қатор вазорату идораҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи энергетика, ҳамзамон барои омода намудани кадрҳои илмӣ дар НБО “Роғун”, филиали сислсила нерӯгоҳҳои “Варзоб”, филиали “Маркази барқу гармидиҳии 2”, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ филиали кафедраҳои факултети энергетикӣ таъсис дода шуданд.

Қисми зиёди озмоишгоҳҳои кафедраҳои назди факултет бо компютер ва дастгоҳҳои озмоишӣ ва мизлавҳа (стенд)-ҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.

Дар баробари ин донишҷӯён якчанд мизлавҳа ва амсила (макет)-и худсозро барои гузаронидани кори озмоишӣ ба роҳ мондаанд, ки бархе аз онҳо дар озмун ва намоишҳо баҳои баланд гирифтаанд.

Аз тарафи устодони факултет дар самти ихтироъкорӣ ҳамасола патент ва гувоҳномаҳо гирифта мешавад.

Вобаста ба рушди соҳаи энергетикаи ватанӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар системаи энергетикӣ устодони факултет аз рӯйи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявидошта, тадқиқоти илмиро доир ба реҷаҳои кории таҷҳизоти электрикӣ, таҳлили реҷаҳои кории системаҳои энергетикӣ, элементҳои панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ ва НБО дар шароити баландкӯҳ иҷро менамоянд.

Факултет бо корхонаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи тоҷик” ҳамкориро ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва шиносоии донишҷӯён аз корхонаҳо васеъ ба роҳ монда, ҳамасола донишҷӯён ба НБО-и Норак, Бойғозӣ, Силсилаи НБО-и дарёҳои Вахш ва Варзоб, НБО-и Қайроққум, НБО-и Сангтӯда 1,2, МГБ ш. Душанбе, ШБ Ҷанубӣ, ШБ Марказӣ, Ширкати “Помирэнерҷӣ”, ШБ минтақаи Кӯлоб, ШБ Ленинобод, Корхонаи алюминии тоҷик ва дигар муассисаву институтҳои лоиҳакашӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.

Ҳамзамон, устодони факултет бо Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Маркази таълимӣ-омӯзишӣ оид ба манбаъҳои азнавтавлидшаванда ва истифодаи энергия”-и ҶСК “Системавтоматика” дар самти “Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия” ҳамкории судманд доранд.

Устодон баҳри тарбияи ахлоқии насли наврас мунтазам кӯшиш ба харҷ дода, бо маҷаллаи “Муҳандиси ҷавон” ҳамкории зич доранд ва мақолаҳои тарбиявиашон пайваста дар ин маҷалла рӯйи чоп меояд. Раванди тарбия мувофиқи талаботи низомнома ва оинномаҳои донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар ин самт устодон ва донишҷӯёни факултет фаъолона дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ-тарбиявии донишгоҳӣ ва дар сатҳи шаҳру ҷумҳурӣ баргузоршаванда иштирок мекунанд.

Иштироки донишҷӯёни факултет дар рӯзҳои бастани маҷрои дарёи Вахш, ба истифода додани МБГ-2 шаҳри Душанбе ва 2 агрегати НБО-и “Роғун” боиси боз ҳам дарки баланди масъулияташон ба омӯзиши касби муҳандисӣ гардидааст.

Як қатор хатмкардагони факултет дар вазифаҳои масъули давлатию ҳукуматӣ фаъолият намудаанд ва айни ҳол кор мекунанд, ки боиси ифтихори факултет ва донишгоҳ мебошанд: Усмонзода У., Ҷумъа Д.Ш., Шерализода Б., Асозода Ш., М.И. Исмоилзода, Убайдулозода Ғ., Мусоева Р.Ғ., Хошмуҳаммедова Р.Ю., Очилов А.К., Аминзода И., Самизода Д., Раҳимова Б.Ф., Шабдолов Ш., Бояков Ғ., Маҳкамов Р., Ёров А., Рабиева Г., Қурбонов Р., Холиқзода М., Самиев Ш.Ҳ., Хоҷаева У.Т., Зоғаков Р.С., Ҷонов Н., Шарипов А., Ғозибеков И., Халилов Ш.М., Мансуров Ҷ.М., Қаюмов Т., Исупов Ф.А. ва дигарон.

 

Ҳамкориҳо