КАФЕДРАИ ҲАРАКАТДИҲАНДАҲОИ АВТОМАТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ ЭЛЕКТРИКӢ ВА МОШИНҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ

Диёрзода Рустам Ҳакималӣ – номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Телефон: +(992) 100080609

E-mail: 

Кафедраи ҳаракатдиҳандаҳои автоматоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ соли 1958 ташкил шудааст. Дар таъсисёбии он мутахассисони як қатор макбабҳои олии собиқ Ҷамоҳири Шӯравӣ : Донишкадаи энергетии Москва (МЭИ), Донишкадаи электротехникии Ленинград (ЛЭТИ), Донишкадаи политехникии Урали шаҳри Свердловск (УПИ), ки инҳо профессорон Соколов М.М., Егоров К.В., Бреев В.Н., дотсентон Зевеке И.В., Обухов С.В.,Бичков А.И, саҳми беандозаи худро гузоштаанд.

Барои рушду нумӯи кафедра, профессорон Башарин А.В., Терехов В.М., дотсентон Шинянский А.В., Алферов В.Г ва дигарон хизмати беандоза намудаанд. Инчунин устодону шогирдони кафедра барои ташкил озмоишгоҳҳои кафедра бо як саҳми беандоза ширкат варзидаанд. Базаи асосии озмоишгоҳҳои мошинҳо, таҷҳизотҳою ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва системаи идораи ҳаракадиҳандаҳои электрикӣ дар ҳамон солҳо ташкил дода шуда буд.

Д.и.т., профессори Институти электротехникии Ленинград (ЛЭТИ) А.В.Башарин бо донишҷӯёни кафедра дарс мегузаронад

Саврарии кафедраро солҳои гуногун устодон Бреев В.Н., Баришников Т.А., Юрматов В.Ф., Содиқов Х.Р., Богачков Б.Г., Муҳаммадқулов М.М., Рустамов Т.Б., Абдушукуров Х.Р., Абдурахмонов А.Я., Ҷаборов М.М. ва Диёрзода Р.Ҳ. ба уҳда доштанд.

Соли 1961 аввалин дастпарварони кафедра бо ихтисоси 0303 - электркунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо донишкадаро хатм намуданд. Аз рӯи ин ихтисос то соли 1964 муҳандисон тайёр карда шуданд. Устодони кафедра: Содиқов Х.Р., Чекалин В.Г., муаллимони калон Ляшко Л.А ва Нурхонов К.С аввалин хатмкуанандагони ихтисоси зикргардида мебошанд.

Аз соли 1965 кафедра ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 0628 ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ” шурӯъ намуд.

То имрӯз кафедра зиёда аз 3000 муҳандисон кафедраро хатм намуданд.

Д.и.т. профессор Башарин А.В. (ЛЭТИ), д.и.т. профессор Яковлев В.И. (МЭИ), д.и.н. профессор Аракелян М.С. (Филиали МЭИ дар ш. Чебоксары.)

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки хатмкунандагони кафедра дар давлатҳои гуногуни ИДМ, инчунин дар давлатҳои ИМА, Шветсия, Британияи Кабир, Олмон, Исроил ва дигарҳо фаъолият доранд.

Солҳои зиёд донишҷӯёни кафедра таҷрибаомӯзии технологӣ ва истеҳсолии худро дар заводҳои Институти илмӣ – тадқиқотии Электроприводи шаҳри Москва, Институти илмӣ-тадқиқотии заводи “ Электровыпрямитель” –и шаҳри Саранск, заводи моторбарории Олтойи шаҳри Барнаул, заводи “ Уралмаш ”-и шаҳри Свердловск, заводи мошинҳои нақлиётӣ-борбардории шаҳри Ленинград, “ Атоммаш ”-и шаҳри Волгодонск ва ғайраҳо мегузарониданд.

Аслан ҳайати профессорону муаллимони кафедраро шогирдони худи кафедра ташкил медиҳанд, ки бисёре аз онҳо бо тақозои замон кафедраро тарк намуданд. Инҳо Ашурова Д.Н., Любитский М.В., Низов Д.Х., Бобоев Т.Б., Уразов Ф.Ф., Рустамов Т.Б., Богачков Б.Г., Ляшко Л.А., Пучков В.Ф., Тимошенко Ю.А., Иноятов М.Б., Шамсиев М.В., Ҷалолов У.Х., Азимов Р.А., Абдураҳмонов А.Я., Усмонов У.Ю., Раҳимов Р.С., Нӯъмонов Т.И., Ҷалилов И., Фурасов Г.И., Мамедов Г.Д., Супрун С., Пугачёв Н.К. ва дигарон мебошанд. Соли 1971 дар базаи кафедраи “ҲАЭваМЭ” кафедраи “Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор” ташкил гардид, ки аз рӯи ихтисоси “Идораи системаҳои автоматикунонидашуда  (АСУ) муҳандисони ояндаро тайёр менамуд. Мудири кафедраи номбурда ба ӯҳдаи н.и.т., профессор Чекалин В.Г. гузошта шуд.

Д. и. т,. профессори Донишкадаи энергетикии Маскав А.А.Сиротин бо донишҷӯёни кафедра дарс мегузаронад.

Аз соли 2001 то соли 2011 роҳбарии кафедраро академики академияи муҳандисии  байналмилалӣ ва академики шуъбаи академияи илмҳои мактабҳои олӣ ҶТ, н.и.т. профессор Содиқов Х.Р ба уҳда доштанд. Таълим мувофиқи стандарти давлатии омӯзиши мутахассисони маълумоти олӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 тасдиқ намуда аст бо 19 фанни тахассуси ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ,бо 4 фанни тахассусӣ мутахассисони 1004 – электротаъминкунӣ, 1001 - нерӯгоҳи электрикӣ, 1009 - манбаъҳои барқарорщавандаи энергия, 1201 - технологияи мошинасозӣ ва 1202 - дастгоҳҳои металбуррӣ ва таҷҳизот машғулиятҳо гузаронида мешуданд.

Аз соли 2001 то соли 2008 омода намудани мутахассисон мувофиқи стандарти давлатии маълумоти олӣ барои равияи 654500 - электротехника, электромеханика ва электротехнология бо ихтисоси 1804 - ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ, автоматикаи дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ ба роҳ монда шуд.

Аз соли 2008 сар карда, омода намудани мутахассисон мувофиқи стандарти давлатии маълумоти олӣ барои ихтисосҳои 1530105 - автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ, 153010501 - автоматонии ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ бакалаврҳои техника ва технология ва аз рӯи ихтисоси 1530105 - автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ магистрҳо ба роҳ монда шуд.

Дар кафедра корҳои мақсаднок оиди хуб ба роҳ мондани сифати таълиму тарбияи мутахассисон бо истифода аз технологияи информатсионӣ - коммукатсионӣ дар соҳаи маориф ба иҷро расонида мешаванд.

Тадқиқот оиди кори таҷҳизотҳои барқӣ дар шароити баландкӯх;

Таҳрезӣ, лоиҳакашӣ, мавриди истифода қарор додани ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ;

Сарфакорӣ ва сарфаҷуйи дар системаҳои идоракунии ҳаракатоварҳои электрикӣ;

Вобаста ба ин самтҳои илмӣ оид ба мавзӯъҳои ҷумхуриявӣ умумитифоқӣ дар асоси шартномаи давлатӣ ва шартномаҳои байни корхонаҳои Шуравии пешин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

Дастовардҳои тадқиқотии назариявӣ ва амалии ҳайати профессорон ва устодони кафедра дар намоишгоҳҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявию байнанлмилалӣ пешниҳод шуда бо дипломҳою шаҳодатномаҳои муҳофизӣ сазовор гардиданд.

Дар натиҷаҳои тадқиқи устодони кафедра дар донишгоҳҳои олии давлатҳои мустақил 21 номзадии илмро ҳимоя намудаанд.

Устодони кафедра доиман дар ташкили корҳои таълимӣ, методикӣ ва корҳои илмӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд

Чандин бор кафедра ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистии донишгоҳ гардидаст. Бисёре аз устодон дар вазифаҳои роҳбарии донишгоҳ ва кафедра фаъолият намудаанд. Ба таври мисол Содиқов Х.Р дар вазифаи декани факултет, проректор, ҷонишини вазири маориф, ректори донишгоҳ фаолият намуда муддати 10сол дар ҳайати шурои таълими-методӣ маълумот олии СССР шомил буд ва ҳамчунин корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаст. Чекалин В.Г. дар вазифаи муовини декани ФЭ, ҷонишини вазири маориф, мудири кафедраи И ва Т фаъолият намудааст. Богачков Б.Г. Бобоев Т.Б - ба сифати декани факултети эненргетикӣ кору фаъолият намудааст. Ляшко А.А. Содиқов М.Ҳ., Диёрзода Р.Ҳ., Донаев Ф.К. Сабуров Қ.М. – ба сиффати муовини декани факултети энергетики фаъолият намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар кафедра дар самтҳои гуногуни истеҳсолот, хоҷагии халқ корҳои  илмӣ  ба роҳ монда  шудааст. Аз ҷумла

  1. Автоматикунонии системаи таъмини оби нушокӣ дар биноҳои баландошёнаи ш. Душанбе.
  2. Автоматикунонӣ ва камхарҷгардонӣ дар системаи обёркунӣ дар ноҳияҳои Ҷумҳурӣ
  3. Омода намудани мутахассисон доир ба истифодаи бесадамавӣ дар лифтҳои мусофирбари биноҳои баландошёна.

Дар баробари ин дар кафедра бо корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус  корхонаҳои воҳиди давлатии “Ширкати Алюминии Тоҷик”, Ҷамияти саҳомии кушодаи “Сементи Тоҷик”, ҶСК “Нассоҷии Тоҷик”, КВД “Обукорези Душанбе” ва ғайра дар самти корҳои илмӣ ва омода намудани мутахассисонӣ ин соҳаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Вазифаи асосии кафедра омода намудани мутахассисон барои хоҷагии халқ мебошад.

Имрӯзҳо дар кафедра профессор Содиқов Х.Р, н.и.т. дотсент  Абдураҳмонов А. Я,  н.и.т. дотсент Ҷаборов М.М, н.и.т. дотсент Диёрзода Р.Ҳ., н.и.т. муаллими калон Гулямов К.Ҳ., н.и.т. ассистент Гуламов Ш.Р., муаллими калон Бобоев А.А., муаллими калон Сафаров М.И., Мудири озмоишгоҳ, муаллими калон Шарифов Б.Н., ассистент Шарипов Н.Д. ба донишҷӯён дарс медиҳанд.

Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра

Ҳамкориҳо