Кафедраи Электротаъминкунӣ
Мудири кафедра: Исмоилов Фирдавс Олимшоевич – номзади илмҳои техникӣ, дотсент Телефон: +(992)-227-65-73 +(992) 93-588-86-60 E-mail: ismoilovFO@yandex.com |
Дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон омода намудани муҳандисон аз рӯи ихтисоси «Электрикунонии корхонаҳо ва дастгоҳҳо» -0303 аз рӯзи кушодашавии он, яъне соли 1956 оғоз ёфта буд. Ихтисоси номбурда ду ихтисоси имрӯзаи дар Донишгоҳ мавҷудбударо дар бар мегирифт. Инҳо ихтисосҳои зерин: - «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» (шифри ихтисос 0303) ва «Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои саноатӣ» (шифри ихтисос 1804) мебошанд.
Тараққиёти электроэнергетика ва саноат талаботро нисбати автоматикунонии ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ дар комплексҳои технологӣ ва дастгоҳҳо боиси зарурияти ташкил кардани ихтисосҳои алоҳида бо номҳои «Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳо ва комплексҳои саноатӣ» (шифри ихтисос 0628) ва инчунин - «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» (шифри ихтисос 0303) ба миён овард. Соли 1961 бо хулосаи органҳои директивӣ расман ихтисосҳои номбаршуда ба эътибор гирифта шуданд. Хатми муҳандис-электрик аз рӯи ихтисоси «Электрикунонии корхонаҳо ва дастгоҳҳо» дар ДПТ то соли 1964 давом ёфт. Аз соли 1964 бошад, омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 0303-«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» дар базаи кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, шабака ва системаҳо» шурӯъ гардид. Дар соли 1969 якумин ёздаҳ нафар хатмкунандагони ихтисоси 0303 -«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» соҳиби диплом гардиданд.
Соли 1990 аз сабаби хеле зиёд будани донишҷӯёни ихтисоси «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» нисбати дигар ихтисосҳои кафедра ва тамоман барҳам хурдани ихтисоси «Системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ» номи кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ» ба номи «Неругоҳҳои электрикӣ ва электротаъминкунӣ» иваз карда шуд.
Соли 1994 кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ ва электротаъминкунӣ ба ду кафедра: - кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» барои тайёр кардани мутахассисони ихтисосҳои 0301 -«Неругоҳҳои электрикӣ» ва 0305-«Манбаъҳои барқароршаванда ва ғайрианъанавӣ» ва кафедраи «Электротаъминкунӣ» барои омода намудани мутахассисони ихтисоси 0303 «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шахрҳо ва хоҷагии кишлоқ» ҷудо карда шуд (Фармони Ректор №22-3/2 аз 2-юми марти соли 1994). Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Электротаъминкунӣ» н.и.т., дотсент Додхудоев М.Д. таъин карда шуд. Моҳи июни соли 1994 н.и.т., дотсент Додхудоев М.Д. аз рӯи озмӯн ба вазифаи мудири кафедраи номбурдашуда интихоб гардид.
Кафедраи электротаъминкунӣ ин аввалин кафедраи тахассусӣ аз руи шифри ҳозираи ихтисоси 1-430103«Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо) ва шифрҳои пештара 0303, 1004 ба ҳисоб меравад. Шарҳ додан зарур аст, ки шифри ихтисос се маротиба тағйир ёфта бошад ҳам, лекин мазмуни ихтисос на он қадар тағйир ёфтааст. Аз рӯи шифри 0303 «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии кишлоқ» як ихтисос ба ҳисоб мерафт. Баъди пайдоиши шифри 1004 ихтисос номи «Электротаъминкунӣ»-ро гирифт. Аз рӯи ин ихтисос 6 зерихтисос, яъне: 1-430103-01-«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ»; 1-430103-02-«Электротаъминкунии шахрҳо», 1-430103-03- «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатии мудофиавӣ»; 1-430103-04- «Электротаъминкуний корхонаҳои саноатии кухӣ»; 1-430103-05 -«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатии нефту газ»; 1-430103-06 «Электротаъминкунии нақлиёт» ва 1-430103-07 -«Электротаъминкунии хоҷагии қишлок» вуҷуд доранд. Дар айни замон кафедра аз рӯи ду зерихтисос: «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» ва «Электротаъминкунии шаҳрҳо» мутахассисонро омода карда истодааст.
Faйри ихтисоси «Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо), дар назди кафедра соли 2002 ихтисоси нав «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электрикӣ» (1-530104-03) кушода шуд. Соли 2007 аввалин хатмкунандагон ба шумораи 5 нафар ин ихтисосро хатм намуданд. Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки ҳамаи хатмкунандагони ҳаминсолаи ин ихтисос аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод, нишон дода дар озмӯни энергетикҳои давлатҳои муштаракул-манофеъ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузашта буд, ҷойи якум гирифтанд. Ҳамзамон аз рӯи ин ихтисос ҳар сол ба ҳисоби миёна то 20 нафар хатм карда истода буданд. Соли 2018 ихтисоси 1-530104-03 - «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электрикӣ» ҳамчун кафедраи алоҳида ба номи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика” фаъолияташро оғоз намуд.
Соли 2012 як ихтисоси дигари бонуфуз «Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ» (1-430102) дар назди кафедра кушода шуд, ки хатмкунандагони ин ихтисос барои иҷро кардани лоиҳасозӣ, сохтмони хатҳои интиқоли энергия, зернерӯгоҳҳо ва истифодабарии шабакаҳои шиддаташон баланд омода карда мешаванд. Айни замон аз курси як то курси чор зиёда аз 100 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.
Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси «Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо) дар ҳамаи сохаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагони кафедра, ки хамватанонамон буданд (аз он ҷумла тоҷикон) дар ҳамаи Ҷумҳуриҳои муштаракул-манофеъ, ИМА, Олмон, Изроил, Англия, Шветсия ва дигар давлатҳои Европа кор ва фаъолият мекунанд. Кафедра инчунин барои давлатҳои Афғонистон, Бангладеш, Лаос, Камбуҷия ва ғайра мутахасисонро аз рӯи ихтисоси номбаршуда тайёр мекард.
Аз соли 2010 кафедра дар катори дигар кафедраҳои Донишгоҳ ба тайёр кардани бакалаври илм оғоз намуд.
Соли 2015 кафедра ба тайёр намудани донишҷӯёни зинаи таҳсилоти магистратура шурӯъ намуд.
Ба ғайр аз корҳои таълиму тарбия, таълими-методӣ ҳайати кафедра корҳои илмиро аз рӯи равияҳои гуногуни ба самтҳои фаъолияти кафедра мансуббуда ҷорӣ шудаистодаанд.
Дар айни замон дар кафедра 11-нафар омӯзгор, ки аз онҳо 5 -нафар номзади илм, дотсент, 1 -нафар номзади илм, иҷрокунандаи вазифаи дотсент, 2-нафар номзади илм, муаллими калон, 1 нафар номзади илми ассистент, 2-нафар муаллими калони беунвон кор мекунанд.
Роҳбарии кафедраро то соли 2012 дотсенти кафедра, н.и.т. Додхудоев М.Д. бар ӯҳда дошта, аз соли 2012 то соли 2016 роҳбарии кафедра бар ӯҳдаи н.и.т. Балаев М.А. вогузор шуд. Аз соли 2016 то соли 2017 роҳбарии кафедраро н.и.т. Назиров Х.Б. бар ӯҳда дошт. Аз соли 2017 то инҷониб роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи н.и.т. дотсент Исмоилов Ф.О. вогузор шудааст.
Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра
Омӯзгорони штатӣ |
|
Исмоилов Фирдавс Олимшоевич |
Н.и.т., дотсент, мудири кафедра. |
Додхудоев Мамадризо Додхудоевич |
дотсент, н.и.т. |
Балаев Муҳамадшо Аҳтамович |
дотсент, н.и.т. |
Гулмуродзода Сайёд Гулмурод |
муаллими калон, н.и.т. |
Саидзода Хушдил Саид |
дотсент, н.и.т. |
Ҷамолзода Беҳрузи Саъдонхуҷа |
дотсент, н.и.т. |
Ҳакимов Дилшод Шодиевич |
Ассистент, н.и.т. |
Омӯзгорони ҳамкори дохилӣ |
|
Воҳидов Миробид Мирвоҳидович |
и.в. дотсент, н.и.т. |
Омӯзгорони ҳамкори берунӣ |
|
Ниёзӣ Сироҷиддин Раҷаббоқӣ |
муаллими калон, н.и.т. |
Мираков Озод Абдуласанович |
муаллими калон |
Маҷидов Ғафурҷон Хушбахтович |
муаллими калон |
Корҳои таълимӣ-методӣ
Дар кафедра дар самти корҳои таълимию методӣ фаъолият дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи омӯзгорони кафедра оид ба фанҳои тахассуси дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони давлатӣ омода шуда ба нашр шудаистодаанд. Ҳамасола тибқи нақшаи кории кафедра ва нақшаҳои инфриодии омӯзгорон 3- 4 адад васоити таълимӣ омода мешавад, ки баъди нашр онҳо ҳама дастрасии донишҷӯён мегарданд.