Кафедраи "Неругоҳҳои электрикӣ" 
Мирзозода Б.М
Султонзода Шерхон Муртазо – номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Телефон: (+992) 93-700-44-44,
e-mail:powerstations.ttu@gmail.com

___________________________________________________________________________________________________

Ҳайати омӯзгорону кормандони кафедра

 

Кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»–и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз кафедраҳои калонтарини донишгоҳ буда, аз ибтидои ташкилёбии он ҳамчун кафедраи «Нерўгоҳҳои барқ, шабакаҳо ва системаҳо» арзи вуҷуд дорад. Тайёр намудани муҳандисон аз соли 1958 оғоз шуда, бо теъдоди 50 нафар донишҷўён аз рўи 2 ихтисос: – «Электрикунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо» ва «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» қабул шуда буданд. Тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои системаи энергетикӣ аз ҷумлаи шабакаҳои барқӣ ва нерўгоҳҳои барқӣ дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аз рўи ихтисосҳои 0301 – «Нерўгоҳҳои электрикӣ», 1002 – «Шабакаҳо ва системаҳои электрикӣ» ва 0303 – «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» оғоз шуда, мудирии кафедраро дотсент Щежин В.Т. ба уҳда дошт.

Мудирони кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” дар солҳои гуногун: Усмонов Х.М. (1969 – 1986), Мадусмонов А. (1986 – 1991), Яҳъёев Р.М. (1991 – 1997), Сафаров М.М. (1999 – 2000), Иноятов М.Б. (2000 – 2012), Қасобов Л.С. (2012 – 2017), Султонзода Ш.М. (2017 – то имрӯз)

Раванди таълим дар кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” аз тарафи  устодони таҷрибадор, баландихтисоси дараҷа ва унвони илмӣ дошта ба роҳ монда шудааст.

 Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт имрўз кафедра бакалаврҳо ва магистрҳоро аз рўи ихтисосҳои:

1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ;

1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия тайёр менамояд.

Ҳама сола кафедраро зиёда аз 150 нафар донишҷўён хатм менамоянд. То имрўз зиёда аз 3000 муҳандиси соҳаи энергетика кафедраи неругоҳҳои электрикиро хатм намудаанд, ки имрўз дар самтҳои гуногуни ҷомеъа кор ва фаъолият менамоянд.

Ба ҳоли ҳозир раванди таълим аз тарафи 14 –то устодони штатӣ ва ҳамкор таъмин карда мешавад. Ҳамасола кормандони таҷрибаи бойи истеҳсолӣ дошта аз “Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷ.Т.” ва тобеъиятҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», тариқи ҳамкорӣ ба фаъолияти педагогӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

 

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра:

Омӯзгорони штатӣ

Султонзода Шерхон Муртазо

н.и.т., дотсент, мудири кафедра

Давлатшоев Доробшо

дотсент, н.и.т.

Қирғизов Алифбек Қирғизович

и.в. дотсент, н.и.т

Қасобов Лоиқ Сафарович

дотсент, н.и.т..

Хуҷасаидов Ҷаҳонгир Хуҷасаидович

и.в. дотсент, н.и.т

Пирова Шамсия Ҳотамовна

муаллими калон

 

Омӯзгорони ҳамкор

Раҳимов Ҷамшед Бобомуродович

Декани факултети энергетикӣ, н.и.т., дотсенти кафедра

Аҳьёев Ҷавод Саламшоевич

Сардори маркази такмили ихтисос, н.и.т., дотсенти кафедра

Хасанзода Насрулло

Муовини декани факултети энергетики оид ба таълим, н.и.т., муаллими калон.

Қосимов Улуғбек Умриевич

н.и.т., дотсенти кафедраи “ҲР ва А”;

Исмоилов Саидҷон Туронович

Мудири кафедраи “АНР ва Э”, н.и.т., дотсенти кафедра;

Раҳимов Фирдавс Мирзоумарович

Мутахассиси шуъбаи илм, ассистент;

Ҷӯраев Шоҳин Ҷӯраевич

н.и.т., муаллими калон, Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе;

Анварова Гулнора Баҳодуровна

Сардори маркази дарёфти лоиҳаҳо ва грантҳо, муаллими калон;

Ғаниев Зокирҷон Султонович

муаллими калон, Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе;

Маҳмадҷонов Фируз Додарҷонович

Мутахассиси пешбари ВЭ ва ЗО ҶТ, н.и.т., дотсенти кафедра;

Милютин Руслан Сайфидинович

Сардори озмоишгоҳи МБГ-2, ассистент.

 

Кормандони техникӣ ва ёрирасон

Бобозода Ш.А.

Муҳандис

Файзализода Ф.

Оператор - коргузор

Корҳои таълимӣ-методии кафедра

Дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва дастрасии донишҷўён ба адабиёти техникӣ ба забони давлатӣ омўзгорони кафедра кўшиш намудаанд, ки то имрўз як чанд китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методиро бо забони давлатӣ таҳия намоянд. Ҳамзамон маводҳои лексионӣ ва дастурҳои методӣ доир ба иҷрои кор ва лоиҳаҳои дипломӣ, курсӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ бо забони русӣ таҳия ва чоп шудаанд. Адади китобҳои дарсӣ ва маводҳои методие, ки аз тарафи устодони кафедра чоп шудаанд зиёда аз 50 номгўйро ташкил медиҳад, ки аз ин 6 китоби дарсӣ бо забони давлатӣ буда, ба 5 адад бо тавсияи Қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ ба чоп иҷозат дода шудааст. Аз тарафи устодони кафедра луғати мухатасари истилоҳоти соҳаи энергетика бо тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд.

Ҳамкориҳо