Кафедраи ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои энергетикӣ

Мирзозода Борбад Мирзо – номзади илмҳои техникӣ, дотсент - мудири кафедра

Телефон: +(992)-227-96-51, +(992) 934684001

E-mail: mizozoda.borbad@gmail.com

_____________________________________________________________________________________________________________

Кафедраи "Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системҳои энергетикӣ" (ҲР ва АСЭ) соли 2018 ҳамчун кафедраи алоҳида таъсис ёфтааст. Ихтисоси «Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ» бошад соли 2003 дар заминаи кафедраи «Электротаъминкунӣ» ташкил шуда буд. Айни замон мудирии кафедраро номзди илмҳои техникӣ, дотсент Мирзозода Борбад Мирзо ба уҳда дорад.  

Айни замон кафедра бо ихтисоси - 1-530104-03А – “Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ” мутахассис омода менамояд.

Кафедра тахассусӣ буда, ҳамзамон донишҷӯёни ихтисосҳои:

–   1-430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ;

–   1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;

–   1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо);

–   1-430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия курси пурраи фанҳои «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ», «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ», «Электроникаи энерегетикӣ» ва «Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ»-ро меомӯзонад.

Дар кафедра аксаран мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб шудаанд, ки хатмкардаи ихтисоси «Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ» мебошанд ва таҳкурсии илмиву амалӣ, ичунин таҷрибаи кофии онҳо барои дар сатҳи лозимӣ гузаронидани дарсҳо мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки хатмкунандагони ин ихтисос аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар озмӯнҳои дохиливу берун аз қаламрави Ҷумҳурӣ соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд. 

Устодони кафедра – Абдуллозода Р.Т. соли 2018, Саъдуллозода Ш.С. соли 2019, Мирзозода Б.М. соли 2020 бо ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гаштаанд. Бобоев Х.Д. бошад соли 2022 бо ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе дар самти техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ сарфароз гаштааст.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра дар соли 2024

1. Мирзозода Борбад Мирзо

н.и.т., дотсент, мудири кафедра

2. Қосимов Улуғбек Умриевич

н.и.т., дотсенти кафедра

3.Абдуллозода Рамазон Толибҷон

н.и.т., дотсент (ҳамкори дохилӣ)

4. Бобоев Хуршедшоҳ Давлаталиевич

н.и.т., муаллими калони кафедра

5. Каримзода Ҷамшед Ҳалим

н.и.т. дотсенти кафедра (ҳамкори дохилӣ)

6. Бачабекова Шоҳона Ҷамоловна

Оператор-коргузор

7. Сидиқов Ҳомид Заробекович

Муаллими калон (ҳамкори берунӣ, сарэнергетики ҶДММ «Ноқили ТАЛКО») 

0

Коллективи кафедра (соли 2021)

Заминаи озмоишии кафедраро озмоишгоҳҳои “Ҳимояи релеӣ”, “Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ”, “Электроникаи энергетикӣ”, “Бехатарии электрикӣ” “Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи микропротсессорӣ” ташкил медиҳанд, ки дар онҳо таҷҳизоти муосири микропротсессорӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва илмӣ-тадқиқотии донушҷӯёну магистрҳо аз ширкатҳои SIEMENS, AREVA, Механотроника, Релематика, Динамика, АВВ ва ғайра истифода шуда, инчунин стендҳои дар асоси релеҳои механикӣ сохташуда низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Озмоишгоҳҳои кафедра

Омӯзгорони кафедра бо як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, ба монанди Донишгоҳи миллии тадқиқотии Москва (МЭИ), Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубии ш. Челябинск  ҳамкории зичи илмиву тадқиқотӣ доранд, ки натиҷаи кори устодони ҳардуҷониб пайваста дар маҷаллаҳои илмӣ нашр мегарданд. То ин замон аз тарафи омӯзгорони кафедраи ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои энергетикӣ зиёда аз 10 адад патентҳо ва шаҳодатномаи ихтироот, зиёда аз 12 адад корҳои методӣ ва маҷмуан беш аз 70 шумора мақолаву фишурдаҳои илмӣ таҳия ва ба нашр расидаанд.

Дастовардҳои кафедра аз тадқиқот ва омӯзиши масъалаҳои гуногуни соҳаи энергетика иборат буда, устодони кафедра ҷиҳати таъмин намудани пайванди илм бо истеҳсолот мунтазам бо намояндагони соҳа ҳамкориҳои назаррасро  амалӣ менамоянд.

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра омӯзиш ва коркарди чораҳои пешгирӣ намудан аз садамаҳои системавӣ, автоматикаи зиддисадамавӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дастгоҳҳои ҳимояи релеӣ ва автоматика дар системаҳои электротаъминкунӣ, бехатарии электрикӣ дар дастгоҳҳо ва объкетҳои энергетикӣ, моделсозӣ ва таҳлили равандҳои гузарандаи электромагнитӣ ва электромеханикӣ ба ҳисоб мераванд.

1

Омӯзгори кафедра Сидиқов Ҳ.З. – ҳангоми гузаронидани дарси озмоишӣ бо донишҷӯёни курси 4-ум.

2

Ҳимояи рисолаи магистрӣ дар кафедра

3

Боздиди омӯзгорони кафедра аз НБО “Роғун”

4

Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз НБО «Сангтуда-1»

5

Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз НБО «Норак» ба номи Т.Улҷабоев

6

Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз МБГ-2 ш.Душане

8

Иштироки устодон ва донишҷуёни кафедра дар роҳпаймоиҳо

7

Иштироки устодон ва донишҷуёни кафедра дар роҳпаймоиҳо

Буклет 530104-03-1

Буклет 530104-03-2

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, бинои дуюм, ошёнаи 3-юм (утоқи 2/315), кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системҳои энергетикӣ»

Телефон (+992-37)-227-96-51

Гурӯҳи марбут ба кафедра дар сомонаи иҷтимоии Facebook - "Релейщики"

Ҳамкориҳо