Кафедраи Асосҳои назарияи радио ва электротехника
Мудири кафедра: Қирғизов Алифбек Қирғизович – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, телефон: (+992) 907819054, e-mail: alifbek@mail.ru |
Кафедра аз моҳи августи соли 1957 дар назди кафедраи физикаи донишгоҳ ташкил шудаст. Соли 1959 пас аз ду соли фаъолияташ кафедра мустақил гашт ва онро муаллими калон Форостян Дмитрий Григоревич муваққатан сарварӣ мекард, ки аъзоёни кафедра инҳо буданд:
Гуртовая Е.В., Усейнов А.А., Нарзиқулова С.А., Икромов Р.З. ва Бабков И.С.
Барои ташаккул ёфтани кафедра мактабҳои олии Россия ёрии калони моддӣ ва методӣ расониданд (МЭИ, ЛЭТИ).
Аз соли 1960 то 1965 аввалин мудири кафедра Гуртовая Елена Василевна таъин шуда буд. Дар марҳилаи аввал кафедра бо чор озмоишгоҳи таълимӣ, дастурҳои методӣ ва бо таҷизоти лозима таъмин гардида буд.
Аз соли 1965 то ноябри соли 1973 кафедраро номзади илмҳои техники, дотсент Икромов Рустам Зиёевич сарварӣ кард. Дар ин муддат корҳои илмӣ дар кафедра оғоз ёфт ва аввалин маротиба корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва ихтироъкорӣ иҷро мешуданд. Ғайр аз ин таҳти роҳбарии Икромов Р.З. чор нафар аъзоёни кафедра рисолаи номзадиашонро дифоъ намуданд: Абулфат А.Х., Абдураҳмонов А.Я., Разоқов А., Холиқов А.
Аз декабри соли 1973 то январи соли 1986 кафедраро номзади илми техника дотсент Абулфат Александр Ҳоҷидович сарварӣ намуд. Кафедра бисёр муваффақиятҳои илмиро ба даст даровард, натиҷаҳои корҳои илмӣ дар конференсияҳо ва намоишгоҳҳои иттифоқӣ ва байналмиллалӣ пешниҳод шуданд ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар соли 1973 дар кафедра стендҳои илмӣ-тадқиқотиро коркард намуданд, ки ин барои ташхиси муҳаррикҳои автомобил истифода бурда мешуд. Ин стендро дар намоишгоҳи байналмиллалии «Экспо-73» дар ш. Маскав намоиш доданд ва он бо дипломи дараҷаи якум қадрдонӣ шуд.
Аз феврали соли 1986 то декабри соли 1994 кафедраро дотсент, номзади илмҳои техникӣ Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович сарварӣ кард. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқоти оид ба бехатарии электрикӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои техники, дотсент Шаякберов Ниёз Шокирович васеъ карда шудаанд.
Аз соли 1994 то 2002 кафедраро номзади илмҳои техникӣ Ҷалилов Рустам Абдуҳомидович сарварӣ намудаанд. Дар ин солҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати мутахассисони соҳаи радиоалоқа ва телекомуникатсия танқисӣ мекашид. Дар базаи факултети энергетикӣ ихтисоси нав «Радиотехника» кушода шуд. Иборатан аз соли 1994 номи кафедраро ба «Асосҳои назарияи радио ва электротехника» (АНР ва Э) иваз намуданд.
Дар кафедра даври нави кор сар шуд, ки вай ба кафедраи хатмкунанда
мубаддал гашт. Дар ташкили раванди таълим аз ихтисоси «Радиотехника» як қатор фанҳои дарсиро аз худ намуда, озмоишгоҳҳои навро ташкил ва ҷиҳозонида бо маводҳои таълимию методии нав таъмин кардан лозим буд. Ҳамаи ин корҳо ба души дотсенти кафедра Масуми Фаррух Носирҷонович ва аъзоёни кафедра вобаста карда шуд. Кафедра моҳи феврали соли 2002 дорои компютерҳои аввалин шуд. Дар базаи онҳо озмоишгоҳи компютерӣ ташкил ёфт. Бо ҳамроҳии донишҷўён ва хатмкунандагон як чанд озмоишгоҳҳо: Антенна ва сохтори фидерӣ, сохти генераторҳо ва сохти гирандаҳо ва дигар озмоишгоҳҳо ҷиҳозонида шудаанд. Муаллимони ҷавони кафедра Нигматова Ш.М. ва Потапов В. В., бо иштироки худ дар озмуни олимони ҷавон дар соли 2005 ташкил шуда ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника сазовор дониста шуданд.
Аз соли 2002 то 2011 кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Икромов Рустам Зиёевич сарварӣ намуданд.
Аз соли 2011 то 2022 кафедраро устодони зерин сарвари карданд дотсентон: Муҳиддинов Қиёмуддин Сайфуддинович, Назиров Хуршед Бобоҳоҷаевич ва Исмоилов Саидҷон Туронович.
Соли 2018 дар кафедра ихтисоси нав 1-380202 - “Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ” ташкил карда шуд, ки дар ин рузҳо хело ихтисоси рақобатпазир мебошад.
Дар хоҷагии халқ то имрўз зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон аз рўи ихтисоси муҳандиси радио бо муваффақият кор карда истодаанд. Ҳамкорӣ бо Вазорати ҳолатҳои Фавқулодаи Тоҷикистон элементҳои компютерии радиоалоқа ва антеннаҳои нав дар маркази ВМКБ ш. Хоруғ сохта, тадқиқот гузаронида ба истифода супориданд.
Айни замон шумораи омӯзгорони штатии кафедра – 8 нафар, аз ҷумла: дорои дараҷаи илмӣ – 5 нафар (5 номзади илм) унвондор – 2 нафар (2 дотсент)-ро ташкил медиҳад.
Мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Қирғизов Алифбек Қирғизович ба уҳда дорад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони кафедра:
Қирғизов Алифбек Қирғизович н.и.т., дотсент, мудири кафедра
Ҷалилов Рустам Абдуҳалимович н.и.т., дотсент
Исмоилов Саидҷон Туронович н.и.т.,и.в. дотсент
Аминов Ҷаҳонгир Бурҳонқулович н.и.т., муаллими калон
Назирмадов Далер Амирхонович н.и.т., муаллими калон
Мадумаров Умед Олимҷонович муаллими калон
Тураҳасанов Исфандиёр Тураҳасанович муаллими калон
Раҳимов Бахтиёр Нуралиевич ассистент
Ҳайати омӯзгорону кормандони кафедра