Конференсияи байналмилалӣ

 24.12.2024

23-юми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар чорчубаи нақшачорабиниҳо оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва иди касбии энергетикҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конференсияро Абдуллозода Р.Т. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК "Барқи Тоҷик", ширкати сотмонии иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва ифрасоторӣ “ТГЭМ” ва дигар намоядндагони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, ҳамчунин устодону донишҷӯёни факултети энергетикии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир ба устодони фаъоли факултети энергетикӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” ва Дирексияи сохтмонии “Неругоҳи барқии обии Роғун” ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуд.

Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.

Дар конференсияи мазкур дар умум 57 мақола бо забонҳои русӣ англисӣ ва тоҷикӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид карда шуданд.

Дар конференсия ғайр аз устодони дохилии донишгоҳ, магистрантон ва докторантону аспирантони макотиби дигари ҷумҳурӣ, инчунин зиёда аз 10 мақола аз муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои олии Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Узбекистон ва пешниҳод намуданд.

Маҷмӯаи маводи конференсия дар рӯзи конференсия – 23.12.2024 омода буда, шакли электронии он ба иштирокчиёни конференсия худи ҳамон рӯз ирсол карда шуд. Ороиши маҷмӯаи маводи конференсия бо талаботи ороиш ва саҳифабандии маҷмӯаҳои конференсияҳо ҷавобгӯ буда, дар саҳифаи конференсия – дар сайти расмии факултети энергетикӣ бо суроғаи http://ef.ttu.tj/tj/pages/63 ба ҳамагон дастрас мебошад ва аз баргузории конференсия дар қисмати хабарии сомонаи факултет маълумот нашр гардид.

Дар ҷамъбасти конференсия декани факултети энергетикӣ н.и.т., дотсент Раҳимзода Ҷ.Б. таъкид намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар рушди кишвар истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Вай изҳор дошт, ки танҳо бо саъю кӯшиши муштарак ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, имконпазир аст, ки мушкилоти мубрами энергетикаи муосир паси сар шаванд.

Ҳамчунин, Раҳимзода Ҷ.Б. қайд кард, ки таъмини рушди устувори соҳаи энергетика танҳо тавассути такя ба дастовардҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ имконпазир аст. Ӯ ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръатро ҳамчун самтҳои калидӣ муайян намуд. Танҳо бо талошҳои якҷояи олимон, мутахассисон ва корхонаҳои саноатӣ кишвар метавонад ба ин ҳадафҳо бирасад.Ин паём аҳамияти масъулияти муштараки ҳамаи ҷонибҳоро дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва татбиқи стратегияҳои миллиро таъкид мекунад.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо