Омӯзиш ва баррасии Паёми Пешвои миллат

 27.12.2022

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорои аҳамияти бузург буда, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.

Омӯзиш ва шарҳу баррасии Паёми навбатии президенти кишвар дар байни наслҳои ояндасози миллат – донишҷӯён дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тасмими хубе баҳри татбиқи амалии он хоҳад буд.

Имрӯз зимни омӯзиш ва баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат дар байни омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети энергетикӣ, ки бо иштироки муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ – Саъдуллозода Ш.С. баргузор гардид, таъкид карда шуд, ки Паёми навбатӣ низ ба мисли дигар паёмҳои қаблӣ дурнамои сиёсати фарогири кишварро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар бар гирифта, ба сифати раҳнамои мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли 2023 ва минбаъд хидмат хоҳад кард.

27 (1)27 (2) 27 (3) 27 (4) 27 (5) 27 (6) 27 (7) 27 (8) 27 (9)


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо