Конференсияи байналмилалӣ

 21.12.2022

20-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии энергетикҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конференсияро Абдуллозода Р.Т. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК "Барқи Тоҷик", ҶСК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ва дигар намоядндагони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, ҳамчунин устодону донишҷӯёни факултети энергетикии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир ба устодони фаъоли факултети энергетикӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишони Аълочии “Барқи тоҷик” супорида шуд.

Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.

                                                            

Садорати факултети энергетикӣ


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо