Кафедраи ТЕХНИКА ВА ЭНЕРГЕТИКАИ ГАРМО

Мудири кафедра

Тағоев Сафовидин Асоевич – номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Телефон: +(992) 919132639

E-mail: safovidin.tagoev@yandex.ru

Кафедра бо номи «Техникаи гармо» аввалин маротиба баъд аз ду соли ташкилёбии Донишкадаи политехникии Сталинобод, соли 1958 ташкил карда шуда буд. Кафедра бо номи «Техникаи гармо ва таҷҳизоти гармидихӣ» соли 2000 баъди якҷоягӣ бо дигар кафедраҳо бо роҳбарии д.и.т., профессор Сафаров М.М. аз нав ташкил карда шуд. Аз соли 2019 кафедра бо номи «Техника ва энергетикаи гармо» фаъолият менамояд.  Айни замон мудирии кафедраро номзди илмҳои техникӣ, дотсент Тағоев Сафовидин Асоевич ба уҳда дорад.  

 

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра дар соли таҳсили 2024-2025

1. Тағоев Сафовидин Асоевич

н.и.т., дотсент, мудири кафедра

2. Сафаров Маҳмадали Маҳмадиевич

д.и.т., профессори кафедра

3. Зарифзода Моҳира Абдусалом

д.и.т., и.в. профессори кафедра

4. Зарипов Ҷамшед Абдусаломович

н.и.т., дотсенти кафедра

5. Тиллоева Таҳмина Рустамовна

н.и.т. ассистенти кафедра

Дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои - 1-430104 – «Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ» ва 1-430105 - «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» мутахассисон омода карда мешаванд.

Кафедра тахассусӣ буда, ҳамзамон аз фанни «Техникаи гармо» дар як қатор ихтисосҳои донишгоҳ дарс мебарад.

Дар кафедра мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки ихтисосманди фанҳои кафедра мебошанд ва таҳкурсии илмиву амалӣ, ичунин таҷрибаи кофии онҳо барои дар сатҳи лозимӣ гузаронидани дарсҳо мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки хатмкунандагони ин ихтисосҳо аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар вазифаҳои гуногун фаъолият менамоянд, аз ҷумла, Зоиров Ҳикматулло Абдухолиқович - сардори коргоҳи дегу турбинаҳои Филиали Маркази барқу гармии 2-и ҶСК «Барқи тоҷик» ва Давлатов Наҷибулло
Баҳромович - муовини сардори ин коргоҳ.

Устоди кафедра – д.и.т., профессор Сафаров М.М., Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2015), Академики Академияи Муҳандисии Тоҷикистон (2009), Академики Академияи муҳандисии байналмиллалӣ (2016), Академики Академияи байналмиллалии сардӣ (2012), Академики Академияи Ню-Йорк мебошад. Барои хизматҳояш дар рушди илм ва тарбияи кадрҳои ҷавон Сафаров М.М. бо унвони «Аълочии маъориф», медали «Хизмати шоиста» (2006), медали тиллои ISESCO-2008 дар соҳаи физика (2008), медали тиллои ба номи В.И. Блинников оид ба ихтироотҳо, аълочии «Барқи тоҷик» сарфароз гардидааст. Устоди кафедра – д.и.т., дотсент Зарифзода М.А., соли 2023 ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гаштанд.

Озмоишгоҳҳи кафедра

Заминаи озмоишии кафедраро озмоишгоҳҳои «Техникаи гармо», «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ», «Физикаи гармо», «Бунгоҳи гармӣ» ва Филиали кафедра дар Филиали Маркази барқу гармии 2-и ҶСК «Барқи тоҷик» ташкил медиҳанд, ки дар онҳо таҷҳизоти техника ва энергетикаи гармо барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ истифода мешаванд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Омӯзгорони кафедра бо як қатор Донишгоҳҳои Федератсияи Россия, ба монанди Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов ва Донишгоҳи техникии миллии тадқиқотии Қазон ҳамкории зичи илмиву тадқиқотӣ доранд, ки натиҷаи кори устодони ҳардуҷониб пайваста дар маҷаллаҳои илмӣ нашр мегарданд. То ин замон аз тарафи омӯзгорони кафедраи техника ва энергетикаи гармо  даҳҳо адад патентҳо, даҳҳо адад корҳои таълимӣ-методӣ ва садҳо адад мақолаву фишурдаҳои илмӣ таҳия ва ба нашр расидаанд.

Дастовардҳои кафедра аз тадқиқот ва омӯзиши масъалаҳои гуногуни термодинамика, физикаи гармо, энергетикаи гармо иборат буда, устодони кафедра ҷиҳати таъмин намудани пайванди илм бо истеҳсолот мунтазам бо намояндагони соҳаҳои дахлдор ҳамкориҳои назаррасро амалӣ менамоянд.

Сотрудничество