Факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ибтидои ташкилёбии он арзи вуҷуд дорад. Тайёр намудани муҳандисон аз соли 1956 оғоз шуда, 50 нафар донишҷўён аз рўи 2 ихтисос: «Электрикунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо» ва «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» бори аввал донишгоҳро хатм намуда буданд.

        Дар таъсисёбии факултет мутахассисон ва хатмкунандагони як қатор мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла Донишкадаи политехникии Киев, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи электротехникии Ленинград ва дигарҳо саҳми босазо гузоштаанд.

     Дар солҳои гуногун Барышникова Таисия Алексеевна, (соли 1961), Бреев В.Н. (солҳои 1961-1962), Бобоев Тоир Барноевич (солҳои 1962-1965), Томилин С.В. (солҳои 1965-1966), Купаи Ҷавод Гасанович. (солҳои 1966-1969), Икромов Рустам Зиёевич (солҳои 1969-1970), Бобоев Тоҳир Бобоевич (солҳои 1970-1973), Иноятов Мелис Бурҳонович (солҳои 1973-1985, 1990-1995), Содиқов Хисрав Ризоевич (солҳои 1985-1987), Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович (солҳои 1987-1990), Додхудоев Мамадризо Додхудоевич (солҳои 1995-1996, 2010-2011), Улмасов Хуршед Убайдуллоевич (солҳои 1999-2002), Ҷалилов Рустам Абдуҳамидович (солҳои 2002-2006, 2014-2017), Салимов Талбак Орзуевич (солҳои 2006-2010), Икрамов Муҳамадӣ (2011-2013), Сангаков М.Ғ. (2013-2014) ва Қасобов Л.С. (2017-2020) сарварӣ намуда, аз октябри соли 2020 то имрўз роҳбарии факултетро номади илмҳои техникӣ Раҳимов Ҷ.Б. ба ўҳда дорад.

         Устодон ва кормандони факултет дар конференсия, симпозиум ва семинарҳои илмӣ пайваста маърӯза намуда, зиёда аз 2000 адад мақола, аз ҷумла зиёда аз 200 адад дар журналҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, ба чоп расонида, дар мактаби олимони ҷавони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Россия, Чин ва Қазоқистон, конференсияҳои байналмиллалӣ дар давлатҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ҷопон, Лаҳистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо фаъолона иштирок намуда, имрўз низ дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд.

         Дар факултет 7 кафедра фаъолият намуда, 6-тои он тахассусӣ мебошанд ва дар онҳо бакалаврҳо ва магистрҳо аз рӯйи ихтисосҳои зерин таҳсил менамоянд:

1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ,

1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ,

1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо),

1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ,

1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ,

1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия,

1-270101-10 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика),

1-270101-12 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа),

1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ,

1-390101 – Радиотехника,

1-530104-03 – Автоматонӣ ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ,

1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ,

1-530105-01 – Автоматонии ҳаракатоварандаҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ. 

IMG_5265

Коллективи факултети энергетикӣ

Гурӯҳи марбут ба факултети энергетикӣ дар сомонаи иҷтимоии Facebook - "Факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ"

Сотрудничество