Пайвасти илм бо истеҳсолот, густариши ҳамкориҳо бо корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ – хизматрасонӣ ва дар ин замина татбиқи Барномаи таҳсилоти дуалӣ ба натиҷаи раванди таълим таъсири мусбӣ расонида, дар рушди касбият ва тафаккури техникии донишҷӯён саҳми муносиб мегузорад.
Бо ин мақсад раёсати донишгоҳ бо ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориҳоро тақвият дода, барои кушодани филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида шудааст.
Дар ин робита аз 10 июн то 24 июни соли 2024 як қатор донишҷӯёни факултети энергетикии донишгоҳ таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар НБО “Қайроқум” гузаронида, донишҳои назариявии азхуднамудаи худро дар истеҳсолот менамоянд.
Донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ бо ҷараёни истеҳсолот, озмоишгоҳҳо, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва тартиби кори корхона шинос шуда, малакаи касбӣ ва донишҳои амалии худро тақвият хоҳанд дод.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетика ва тавлиди нерӯи барқи дохилӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
Дар ин росто саҳми хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки муассасаи заминавии омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ мебошад, дар рушди энергетикаи кишвар назаррас мебошад.