Кафедраи"Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системҳои энергетикӣ" |
Мирзозода Борбад Мирзо н.и.т., дотсент Мудири кафедра |
_____________________________________________________________________________________________________________
Кафедраи "Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системҳои энергетикӣ" (ҲР ва АСЭ) соли 2018 таъсис ёфтааст. Ихтисоси «Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои электрикӣ» бошад соли 2003 дар замимаи кафедраи «Электротаъминкунӣ» ташкил шудааст. Айни замон кафедра бо як ихтисос - 1-530104-03А-“Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ” мутахассис омода менамояд.
Кафедра тахассусӣ буда, ҳамзамон донишҷӯёни ихтисосҳои:
– 1-430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ;
– 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;
– 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо);
– 1-430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия курси пурраи фанҳои «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ», «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ», «Электроникаи энерегетикӣ» ва «Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ»-ро меомузонад.
Дар кафедра аксаран мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб шудаанд, ки хатмкардаи ихтисоси «Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ» мебошанд, ва таҳкурсии илмиву амалӣ, ичунин таҷрибаи кофии онҳо барои дар сатҳи лозимӣ гузаронидани дарсҳо мусоидат мекунад.
Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки хатмкунандагони ин ихтисос аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар озмӯнҳои дохиливу берун аз қаламрави Ҷумҳурӣ соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.
Базаи лаборатории кафедраро озмоишгоҳҳои “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”, “Электроникаи энергетикӣ”, “Бехатарии электрикӣ” “Ҳимояи релеи ва автоматикаи микропротсессорӣ” ташкил медиҳанд, ки дар онҳо таҷҳизоти муосири микропротсессорӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва илмӣ-таҳқиқотии донушҷӯёну магистрҳо аз ширкатҳои SIEMENS, AREVA MiCOM, Бреслер ва Механотроника, Релематика, Динамика, АВВ ва ғайра истифода шуда, инчунин стендҳои дар асоси релеҳои механикӣ сохташуда низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Омӯзгорони кафедра бо як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, ба монанди Донишгоҳи миллии тадқиқотии Москва (МЭИ), Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубии ш. Челябинск ҳамкории зичи илмиву тадқиқотӣ дорад, ки натиҷаи кори устодони ҳардуҷониб пайваста дар маҷаллаҳои илмӣ нашр мегарданд.
Таҷрибаи омӯзгорони кафедра дар Донишгоҳу донишкадаҳои Давлатҳои Олмон, Белгия, Хитой, Федератсияи Россия ва Украина тариқи гузаштани курсҳои пурраи такмили ихтисос ғанӣ гаштааст.
1. Мирзозода Борбад Мирзо | н.и.т., дотсент, мудири кафедра |
2. Қосимов Улуғбек Умриевич |
н.и.т., дотсенти кафедра |
3. Абдуллозода Рамазон Толибҷон |
н.и.т., дотсент (ҳамкори дохила) |
4. Бобоев Хуршедшоҳ Давлаталиевич |
н.и.т., ассистенти кафедра |
5. Муродова Шукрона Абдуҳамидовна |
Оператор-коргузор |
6. Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло |
н.и.т. и.в. дотсент (ҳамкори дохила) |
7. Каримзода Ҷамшед Ҳалим |
н.и.т. и.в. дотсент (ҳамкори дохила) |
8. Сидиқов Ҳомид Заробекович |
ассистент (ҳамкори беруна, сарэнергетики ҶДММ "Ноқили ТАЛКО") |
Коллективи кафедра (соли 2021)
Омӯзгори кафедра Сидиқов Ҳ.З. – ҳангоми гузаронидани дарси озмоишӣ бо донишҷӯёни курси 4-ум.
Ҳимояи рисолаи магистрӣ дар кафедра
Боздиди омӯзгорони кафедра аз НБО “Роғун”
Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз НБО «Сангтуда-1»
Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз НБО «Норак» ба номи Т.Улҷабоев
Боздиди донишҷӯён в устодони кафедра аз МБГ-2 ш.Душане
Иштироки устодон ва донишҷуёни кафедра дар роҳпаймоиҳо
Иштироки устодон ва донишҷуёни кафедра дар роҳпаймоиҳо
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, бинои дуум, ошёнаи 3-юм (утоқи 2/315), кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системҳои энергетикӣ»
Телефон (+992-37)-227-96-51
Гурӯҳи марбут ба кафедра дар сомонаи иҷтимоии Facebook - "Релейщики"