Муҳтарам собиқадорони соҳаи энергетика, устодон ва донишҷӯёни азиз!Бо эҳтиром ва самимият ҳамаи шумо ва кулли алоқамандони соҳаи энергетикаро бо иди касбӣ-Рӯзи энергетикҳо аз номи коллективи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муборакбод мегӯям. Ба ҳаряки шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон баҳри таъмини гармиву равшанӣ дар хонадони мардум барору комёбиҳои шоён орзӯ менамоям. Воқеан, дар замони муосир энергетика ҳамчун омили демографӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ ва нишондиҳандаи сатҳи рушди иқтисоди миллии мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”-ро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон намуданд. Имрӯзҳо бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат кулли мардуми шарифи тоҷик барои бунёди иншооти хурду калон саҳмгузорӣ мекунанд. Албатта, ки саҳми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва мутахассиони омоданамудаи он ҳам дар ин самт беназир аст. Бигзор дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватан бахту комёбӣ ёри ҳамагон бошад. Идатон муборак бод!
Бо эҳтироми бепоён, декани факултети энергетикӣ, Раҳимзода Ҷ.Б. |